Ссылки доступа

Нашрияи "Ачик Саясат" дар Қирғизистон 300 ҳазор сом ҷарима шуд


Додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори зинаҳои поёнии додгоҳро дар бораи рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми 300 ҳазор сом (бештар аз 4300 доллар) аз нашрияи "Ачик Саясат" ба нафъи вакили порлумон Кожобек Риспаев бе тағйир боқӣ гузошт.

Нозгул Мамитов, сармуҳаррири нашрия гуфт, қарори додгоҳ дар ин бора 5 сентябр содир шуд. Мамитова тасмим дорад, ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят барад.

Кожобек Риспаев, вакили порлумон аз нашрия барои расонидани зарари маънавӣ ҷуброни молӣ талаб кард. Нашрия гӯё дар моҳи августи соли 2018 бо нашри матлабе ба шаъну шарафи вакили порлумон зиён расонидааст. 24 майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек даъвои вакилро қонеъ карда буд.

XS
SM
MD
LG