Ссылки доступа

Дар як корхонаи Қазоқистон дар натиҷаи садама чаҳор кас маҷруҳ шуданд


Дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 4 сентябр садама рух дод, ки дар натиҷа чаҳор кас маҷруҳ шуданд.

Иттилоъ дар бораи садамаро мақомот нахостанд, сари вақт расонаӣ кунанд. Расонаҳо дар ин бора рӯзи 5 сентябр иттилоъ ёфтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар корхонаи мазкур садамаи бузурге рух дода буд.

Корхонаи оҳангудозӣ дар Темиртау охири солҳои 1950 сохта шудааст. Баъди пошхӯрии СССР корхонаро як тоҷири ҳиндӣ харид.

XS
SM
MD
LG