Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии солимии репродуктивӣ ба иҷро даромад (видео)


В Таджикистане заработала госпрограмма репродуктивного здоровья
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:10 0:00

Дар Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки сатҳи таваллуд кам карда шавад. Вазорати тандурустӣ бояд ҳамаи муассисаҳои тиббиро бо доруҳо ва василаҳои зидди бордорӣ таъмин намояд.

Табибон ба корафтодаҳои беморхонаҳо шарҳ хоҳанд дод, ки чи гуна аз бордории нохоста пешгирӣ кард. Мутахассисон ҳамчунин ба саломатии занҳо таваҷҷуҳ мекунанд, то ин ки занон ба ҷисми худ зиён наоранд ва бо нигаҳ доштани фосила таваллуд кунанд.

Хонаводаи серфарзанд дар Тоҷикистон қобили қабул аст. Шумори кӯдакон аз сатҳи зиндагии волидон вобаста нест. Хонаводаи Сафаргул Нурова - намунаи ин гуфтаҳост. Ин зан се писар ва як духтар дорад. Ҳар кадоми онҳо соҳиби оила ва фарзандони худ ҳастанд. Ҳамаи онҳо зери як сақф ва зиндагии хоксоронае доранд. Ҳар кӯдак атои Худованд аст, мегӯяд Сафаргул. Ва дар ин хонавода тасмим надоранд, ки таваллудро танзим кунанд. Сафаргул танҳо талаби як қитъа заминро дорад, ки писаронаш тавонанд, барои худ хона созанд.

Сабаби асосии фақр, бекорӣ ва сатҳи баланди муҳоҷират дар Тоҷикистон рушди босуръати демографӣ гуфта мешавад. Дар ин бора Бонки ҷаҳонӣ борҳо гузориш додааст. Давоми даҳ соли охир шумори аҳолии Тоҷикистон 20% афзудааст.

"Ҳадаф - на танҳо занон, балки ба тамоми хонавода фаҳмонидан даркор аст, ки солими репродуктивӣ чист. Дар асоси ин барнома мо метавонем ба аҳолӣ фаҳмонем, ки на танҳо таваллуд, балки тарбия кардан ва таъмин намудани кӯдакон ҳам ҳатмист", - гуфт Мунира Ғанизода, мудири Маркази солимии репродуктивии Тоҷикистон.

Муаллифони барномаи мазкур мегӯянд, ҳадаф пешгирии зоиши занони тоҷик нест. Таваллуди фарзанд - ҳаққи ҳар шаҳрванд аст. Зидди фақру бекорӣ бояд мақомоти дигар мубориза баранд. Табибон мегӯянд, танҳо мехоҳанд, саломатии занон ва кӯдаконро таъмин намоянд.

Ба таҳлили табибон, ин барнома имкон медиҳад, ки давоми се соли оянда аз 450 ҳазор ҳолати ҳамли нохоста пешгирӣ карда шавад.

XS
SM
MD
LG