Ссылки доступа

Исфандиёр асобағалро шикаст ва бо дастон роҳ рафт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Пирӯзии мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Қирғизистон. (нигористон)

- Дар Украина додгоҳи зиддикоррупсионӣ фаъолиятро оғоз кард. (видео аз Директ)

- Елисеев: Бишкек ҳамеша ҷонибдори тамос бо ман аст. Дар тими Максим Боқиев ӯ яке аз шахсони калидӣ буд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо Алексей Елисеев суҳбатеро анҷом дод. (видео аз Директ)

- "Сарҳои буридаро дар майдон нигаҳ медоштанд". Шаҳри Раққа, як замон маркази гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки минтақаҳои васеи Сурияву Ироқро дар даст дошт, ба тадриҷ бозсозӣ мешавад, ҳарчанд ҳамлаҳои тундравон дар он рӯ ба афзоиш овардааст. Айни замон мардум ҳанӯз ҳам метарсанд, ки мабодо ҳалқаҳои хобидаи ДОИШ дигарбора сар бардоранд (видео)

- Исфандиёр асобағалро шикаст ва бо дастон роҳ рафт. Барои Исфандиёр, сокини 29 солаи деҳаи Тутои ноҳияи Мӯъминобод роҳ гаштан бо дастон дар қиёс ба пойҳо роҳаттар аст (видео)

- "Духтарам ба дарё афтид, писаронамро саг газид". Дарё, пули ларзону садамавӣ ва роҳи дарозу мушкилгузар. Ин ҳамаро кӯдакони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат ҳар рӯз барои расидан то мактаб пушти сар мекунанд. Мардум талаб доранд, ки ҳарчи зуд дар деҳаҳои онҳо мактаб сохта шавад (видео)

- "Агар нерӯи барқ арзон мешуд...". Болоравии нархи нерӯи барқ сокинони Тоҷикистонро озурда кардааст, чун бе ин ҳам аз бекориву музди паст дар пардохти пули барқ мушкил мекашиданд. Мардум дар ҳайрат аст, ки бо вуҷуди рушди соҳаи энергетика, чаро нархи барқ пайваста зиёд мешавад (видео)

- Эътирозҳо зидди бунёди корхонаҳои чинӣ дар 5 шаҳри Қазоқистон.(видео аз Директ)

- Шумори қурбониёни туфони "Дориан" дар ИМА ба 7 нафар расид. (видеои Настоящее время)

- Дар Қазоқистон сокинон рӯзи дувум аст, зидди бунёди корхонаҳои чинӣ эътироз доранд. (видео аз Директ)

- Бозии Тоҷикистону Қирғизистон. Тошев: Як вазифа дорем – пирӯз шудан.Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалинашро дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 5-уми сентябр муқобили мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад (видео)

- Гуфтанд ба мо: "Занон ба кори мардон дахолат накунанд". Дар ҷомеаи Тоҷикистон одат шудааст, ки занон бояд фармонбардори мардҳо бошанд ва ҳар тасмими худро бо шавҳар, падар ва ё бародари худ маслиҳат кунанд. Оё мардҳо низ дар коре фармонбардори занон ҳастанд? (видео)

- Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дигарбора боло рафт. Чаро? Нархи орд дар Тоҷикистон аз марзи 200 сомонӣ гузашта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Тоҷирон камчинии орд дар Қазоқистон ва афзоиши қурби долларро далел пеш меоранд. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ин масъаларо баррасӣ доранд (видео)

- Комиссияи давлатӣ ба таҳқиқи задухурд дар қароргоҳи президенти пешини Қирғизистон пардохт. (видео аз Директ)

- Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рудакӣ - барои иншооти ҷашнӣ.Аз омӯзгорону пизишкон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақозо шудааст, ки маоши якрӯзаи худро барои анҷоми сохтмонҳое, ки дар боз шуданашон президенти кишвар иштирок мекунад, супоранд. Вале мақомот мегӯянд, ин танҳо як хоҳиш аст ва иҷрои он амалест довталабона (видео)

- Донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҳонконг ба кӯча баромаданд. (видеои Настоящее время)

- Осиё: ваъдаи президент Тоқаев. Президент Қосимҷомарт Тоқаев паёми нахустинашро ба мардуми Қазоқистон ироа кард. Афроди ношинос дар Русия ба як муҳоҷири тоҷик ҳамла карда, ӯро шадидан латтукӯб намуданд ва 15 бор корд заданд. (видеои Настоящее время)

- Нақши чархаи Роғун дар Кӯлоб. 7 ҳазор нафар – ба "маршировка". Дар остонаи иди истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад, дар шаҳри Кӯлоб ҳафт ҳазор нафарро ба "маршировка" ҷалб кардаанд. Баъзе аз онҳо донишҷӯ ва қисме дигар кормандони сохторҳои давлатиянд (видео)

- Муҳаққиқон 30 шеъри нашрнашудаи Айниро пайдо карданд.Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айниро аз бойгонии ин адиби тоҷик ошкор кардаанд, ки то ҳол нашр нашудаанд. (видео)

- ДОИШ дар талоши сар бардоштан баъд аз шикаст. Вазири умури хориҷии Амрико чанде пеш тахмин зад, ки гуруҳи ба ном Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия аз нав гурӯҳбандӣ мекунад (видео)

- «Кишвар ба ислоҳот ниёз дорад». Роҳпаймоӣ дар Алмато (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG