Ссылки доступа

Муҷтамаи нави Русияро дар Байконур ба ифтихори Назарбоев номгузорӣ карданд


Муҷтамаи кайҳониву мушакии Русия барои партоби мушакҳои борбар, ки айни ҳол дар Байконури Қазоқистон сохта мешавад, ба ифтихори президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шуд.

Дар ин бора сомонаи "Роскосмос"-и Русия иттилоъ дод.

Созишнома дар бораи сохтмони ин муҷтамаъ соли 2018 имзо шуда буд. Пештар он "Байтерек" ном дошт. Дар мулоқоти охири Назарбоев дар Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин дар ҳафтаи гузашта, президенти Русия пешниҳоди тағйири номи "Байтерек"-ро кард.

Эҳтимол меравад, нахустин мушак аз муҷтамаи "Назарбоев" соли 2022 партоб шавад.

Ёдрас мешавем, ба ифтихори Назарбоев, нахустин президенти Қазоқистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ аз мақомаш истеъфо дод, пойтахти Қазоқистон номгузорӣ шудааст. Чанд моҳ аст, ки шаҳри Остонаи пешин ҳамакнун Нурсултон ном дорад.

Ҳукумати Қазоқистон ҳамчунин фурудгоҳи байналхалқии Остонаро ба Нурсултон табдили ном кард ва кӯчаҳои марказии чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон ҳам Нурсултон номида шуданд. Чанд пайкараи Назарбоев низ дар Қазоқистон қомат афрохтаанд.

XS
SM
MD
LG