Ссылки доступа

ИМА намояндаи махсусашро дар умури Афғонистон бозхонд кард


ИМА намояндаи махсуси худро дар умури Афғонистон бозхонд кард, ки дар гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳаракати "Толибон" ширкат меварзид.

Пештар аз ин Доналд Трамп, президенти ИМА мулоқоти пӯшидаро бо роҳбарони ҳаракати мусаллаҳи "Толибон" бекор кард. Толибон масъулияти таркиши охир дар шаҳри Кобули Афғонистонро ба зима гирифтанд, ки дар пайи он 12 кас, аз ҷумла як низомии амрикоӣ кушта шуд.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар мусоҳибаи телевизионии 8 сентябр эълом кард, ки намояндаи махсуси Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод бозхонд шудааст. Помпео афзуд, гуфтугӯҳои сулҳомез қатъ шуданд.

Вай илова кард, толибон бо анҷоми ҳамла "марзро убур" карданд. "Толибон нишон доданд, ки намехоҳанд ва ё наметавонанд, уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро иҷро кунанд", - гуфт Помпео.

Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки тасмим дошт, бо намояндагони ҳар ду ҷониб дар қароргоҳи берунишаҳрии Вашингтон чанд рӯз пеш аз солгарди ҳодисаҳои 11 сентябр мулоқот кунад.

11 сентябр аз ҳамлаи маргбортарин дар таърихи Амрико 18 сол пур мешавад. Ҳамларо гуруҳи террористии "Алқ-Қоида" содир кард, ки роҳбарашро толибон паноҳгоҳ доданд. Дар посух ба ҳамла ИМА соли 2001 дар Афғонистон амалиёти низомиро шуруъ кард.

XS
SM
MD
LG