Ссылки доступа

Дар Қазоқистон қарзи як гуруҳи сокинонро давлат бармегардонад


Дар Қазоқистон рӯйхати шаҳрвандони қарздоре, ки ба иллати вазъи бади иқтисодияшон ҳукумат вазифадор аст, қарзҳояшонро баргардонад, афзоиш дода мешавад. Дар ин бора муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон 9 сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба ин рӯйхат панҷ гуруҳи сокинони Қазоқистон шомил мешаванд: ятимони кулли то 29-сола, дарёфткунандагони кумакҳои иҷтимоӣ, волидони кудакони маъюб ва хонаводаҳое, ки ноновари худро аз даст додаанд ё шахсони маъюби аз 18-сола болоро нигоҳубин мекунанд.

Қарзи ин афрод бояд бегарав ва на беш аз 3 миллион танга бошад. Ба гуфтаи Жакупова, Вазорати меҳнати Қазоқистон 2 миллиону 289 ҳазор шаҳрвандеро ба қайд гирифтааст, ки метавонанд шомили рӯйхат шаванд.

Аз ин шумора қарзи 507 ҳазор нафар аллакай пардохт карда шудааст.

Ба иттилои муовини раиси Бонки миллии Қазоқистон Олег Смоляков, ҳукумати ин кишвар 5 сентябр ба бонку ташкилотҳои қарзии хурд беш аз 105 миллиард танга пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG