Ссылки доступа

Шабакаи телевизионии "Апрел"-и Қирғизистон баъди баста шудан дар Интернет фаъол шуд


Шабакаи телевизионии "Апрел", ки амволаш ба ҳабс гирифта шуда буд, фаъолияташро тариқи Интернет ба роҳ монд. Дар ин бора сармуҳаррири шабака Самат Качкинов иттилоъ дод.

"Шабака муҷаввиз дорад, бозхонд нашудааст. Бино бар ин, мо ҳақ дорем, фаъолияти рӯзноманигорӣ анҷом диҳем. Ягона монеа ин аст, ки мо ба эфир баромада наметавонем", - гуфт Качкинов.

Шаби 9 август ВКД Қирғизистон бо такя ба қарори додгоҳ амволи ширкати саҳҳомии "Медиа-Форум" ва шабакаи "Апрел ТВ"-ро ба ҳабс гирифт. Идораи шабака ва чанде аз коршиносон ин амали мақомотро фишор ба озодии матбуот унвон карданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, "амволи шабака ҳамчун амволи шахсе ба ҳабс гирифта шудааст, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин гумонбар мешавад". Мақомот мегӯянд, ин амвол ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рабт дорад, ки дар асоси чанд моддаи кодекси ҷиноӣ айбдор ва айни ҳол дар ҳабс нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG