Ссылки доступа

Сокинони ноҳияи Аравани Ӯш вазъи марз бо Ӯзбекистонро баррасӣ мекунанд


Вазъи марзи байни Қирғизистону Ӯзбекистон баъди ҳодисаи 10 сентябр муътадил аст. Гуруҳе аз сокинони ҷамоати Керкидани ноҳияи Араван ба қабули намояндаи ҳукумати вилояти Ӯш рафтанд.

Мирлан Озорбоев, раиси ҷамоати Керкидан мегӯяд, тасмим доранд, иттилоъ дар бораи "тақдими 400 гектар замини Керкиданро ба Ӯзбекистон дар ивази ҳамин миқдор замин ба ноҳияи Араван дар соли 2017 бисанҷанд". Вай ҳамчунин гуфт, талаб доранд, ки мушкили истифодаи обанбори Керкидан ҳал шавад ва ба сокинони ҳар ду кишвар шароити баробар таъмин шавад.

Рӯзи 10 сентябр дар ноҳияи Аравани вилояти Ӯши Қирғизистон насби аломат дар наздикии обанбори Керкидан аз сӯи низомиҳои Ӯзбекистон норизоии сокинони маҳаллиро ба бор овард.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки сокинони маҳаллӣ бо низомиҳои Ӯзбекистон баҳс доранд.

XS
SM
MD
LG