Ссылки доступа

Тими мунтахаби триатлонбозони зери роҳбарии домоди президенти Ӯзбекистон аз Украина мураббӣ даъват мекунад


Виктор Земтсев, қаҳрамони Украина сармураббии тими мунтахаби Федератсияи триатлон (варзиши омехтаи иборат аз шиноварӣ ва дучархаронӣ)-и Ӯзбекистон таъйин шуд. Ин федератсияро Отабек Умаров, домоди хурдии президент Шавкат Мирзиёев роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои Кумитаи Олимпии Ӯзбекистон, Земтсеви 45-сола, ки қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони даҳкаратаи мусобиқаи триатлон аст, аз 15 август то 8 сентябри соли ҷорӣ тими Ӯзбекистонро дар Фаронса машқ додааст.

"Тамрини тим тибқи нақша сурат гирифт. Варзишкорон талош доранд, натиҷаҳои хуб нишон диҳанд. Акнун онҳо неруяшонро дар ду мусобиқаи оянда хоҳанд санҷид", - гуфт Виктор Земтсев.

Отабек Умаров 7 марти соли ҷорӣ президенти Федератсияи триатлони Ӯзбекистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG