Ссылки доступа

Сокини Душанбе барои "сарфаи барқ" 1200 сомонӣ ҷарима шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: чи қадари Осиёи Марказӣ ба Чин тааллуқ дорад. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ бо сафари расмӣ ба Пекин рафт. Раҳбарони ду кишвар дар бораи чӣ суҳбат карданд ва чӣ қадари Осиёи Марказӣ аллакай ба Чин тааллуқ дорад? (видеои Настоящее время)

- 1200 сомонӣ ҷарима барои "сарфаи нерӯи барқ" дар Душанбе. Шабакаҳои барқи Душанбе як сокини 80-солаи пойтахтро ба дуздии барқ муттаҳам карданд. Масъулон мегӯянд, ҳисобкунаки Виктор Канатов дар як моҳ ҳамагӣ 8 сомонӣ кор кардааст, ки ғайривоқеӣ аст. Аммо ин мард худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, барқро надуздидааст. (видео)

- Шаҳрдори Бишкек дар бораи роҳҳои нав ва стратегияи рушди шаҳр. (видео аз Директ)

- Писари "Шери Панҷшер" ба роҳи падар қадам гузошт. Писари қаҳрамони миллӣ ва ҷанговари маъруфи афғон Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, роҳи падарро интихоб кардааст ва мехоҳад дар бунёди як Афғонистони нав ва замонавӣ хидмат кунад (видео)

- “Дар Русия кор мекунем, андоз намедиҳем, давлат аз куҷо пул ёбад?” Озодӣ Онлайн. Дар барномаи имрӯз аз вокунишҳо ба мушкили кӯдакони чаҳор деҳаи ноҳияи Ваҳдат, роҳгардии Исфандиёр бо даст ва навбатпоии ронандагон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон мегӯем (видео)

- Иброҳим Усмонов дар бораи демократия ва коммунизм. Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви Комиссияи оштии миллӣ, 70-солро пур кард. Вай аз чеҳраҳои матраҳ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буд. Радиои Озодӣ дар ин рӯз Иброҳим Усмоновро ба барномаи "Меҳмони "Озодӣ" даъват кард (видео)

- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 10-уми сентябри соли 2019. “Магар дар Кӯлоб чунин аст” – шикояти сокини камбизоат. Трамп гуфт, лағви музокира бо Толибон кори дуруст аст. Дар Ваҳдат мардеро барои кӯдакрабоӣ дастгир карданд. Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, тӯҳмати муфтӣ ӯро ба зиндон бурд. (видео)

- Нархи хариди пахта дар Тоҷикистон 30% арзон шуд. (видеои Настоящее время)

- Кишварҳои дорои сахттарин сензура. (инфографика)

- Нархи орд дар Тоҷикистон дар 2 ҳафта 30% гарон шуд. (видео аз Директ)

- Зиндагие, ки пушти ҷашнҳои бодабдаба дида намешавад. Сокинони Кӯлоб ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар омода мешаванд. Садҳо коргари идораҳои давлатӣ “тарзи дурусти таъзим”-ро машқ мекунанд ва ҳазорон донишҷӯву хонандаи мактаб барои иштирок дар барномаи ҳунарӣ тамрини рақс доранд (видео)

- Трамп гуфт, музокирот бо Толибон мурдааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз қарораш дар бораи даст кашидан аз мулоқоти махфӣ бо Толибон ва баҳси ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят кард. Бо вуҷуди он ки Трамп гуфт, музокироти сулҳ дигар мурдааст, вале умедҳое барои сулҳ дар Афғонистон боқист (видео)

- Бекорӣ дар Қазоқистон. Омор ва назарҳо​. (видео аз Қазоқистон)

- Насли замони истиқлол дар Тоҷикистон чӣ гунаанд? Аз замоне ки Тоҷикистон истиқлоли худро эълон кард, 28 сол гузашт. Дар ин давра насле ба дунё омад ва бузург шуд, ки ба гуфти таҳлилгарон бо дидгоҳҳои худ фарқ мекунад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG