Ссылки доступа

Додгоҳи олӣ фармони Трампро дар мавриди маҳдудсозии ҳуқуқи паноҳандагон тағйир надод


Рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи олии ИМА фармони ҳукумати Трампро бе тағйир боқӣ гузошт, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро барои дарёфти паноҳандагӣ маҳдуд месозад.

"Мо пирӯзии бузургеро соҳиб шудем", - навишт Доналд Трамп дар Твиттер.

Бино бар фармони президент, ИМА дархости паноҳандагии муҳоҷиронеро баррасӣ намекунад, ки агар онҳо қаблан дар нахустин кишваре, ки баъди хориҷ шудан аз ватани худ ворид шуда буданд, барои дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат накардаву ҷавоби рад нагирифта бошанд. Ин маънои онро дорад, ҳамаи муҳоҷирони кишварҳои Амрикои Марказӣ, ки барои расидан ба ИМА аз ҳудуди Мексика убур кардаанд, мебояд дар Мексика дархости паноҳандагӣ кунанд.

Аз нуҳ тан аъзои коллегияи Додгоҳи олӣ ошкоро мухолифаташонро бо фармони Трамп баён доштанд. Ҳафт тани дигар назарашонро ошкор накарданд.

Пештар аз ин додгоҳи ҳавзаи Калифорния қарор кард, ки фармони ҳукумати Трамп ғайриконститутсионӣ аст ва ба ин далел, онро муваққатан боз дошт.

XS
SM
MD
LG