Ссылки доступа

Текебоев дар мулоқот бо президенти Қирғизистон парвандаашро баррасӣ карданӣ нест.


Раиси Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев 12 сентябр, баъди берун шудан аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, хабар дорад, ки президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бо аъзои ҳукумати муваққатии пешин мулоқот карданист.

"Ман ҳоло даъватномаро дарёфт накардаам. Агар даъват кунанд, дар мулоқот иштирок хоҳам кард. Ба эҳтимоли зиёд, дар он вазъи кишвар ва ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин эҳтимол дорад, парвандаи ҷиноии худро матраҳ накунам", - изҳор дошт Текебоев.

Пештар хабар доданд, аъзои ҳукумати муваққатии пешини Қирғизистон, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ташкил шуда буд, бо президент Сооронбой Ҷеенбеков вохурданианд.

Мурофиаи навбатие, ки қарор аст, дар он парвандаи сиёсатмадорони мухолифи қирғиз Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов баррасӣ шавад, ба рӯзи 1 октябр гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG