Ссылки доступа

Мақомоти Самарқанд баргузории ҷашнро дар майдони Регистон шарҳ доданд (видео)


Мақомоти шаҳри Самарқанд баргузории маъракаеро шарҳ доданд, ки дар маҷмааи таърихии майдони Регистон барпо шуд.

Навори маърака ахиран дар Интернет нашр шуд.

Маркази матбуотии ҳукумати Самарқанд хабар дод, рӯзи 8 сентябр дар ҳудуди Регистон маъракае барои меҳмонони форуми тиҷоратӣ барпо шуд.

Ин маърака ба ташрифи бештар аз 80 меҳмоне бахшида шуда буд, ки таҳти роҳбарии президенти Кунгураи яҳудиҳои бухороии ИМА ва Канада Борис Қандов ба Ӯзбекистон омаданд.

Навори маърака бо садои мусиқии баланд аз сӯи корбарони бахши ӯзбекии интернет бо нохушнудӣ истиқбол шуд. Корбарон гуфтанд, ин маърака беэҳтиромӣ ба ёдгориҳои таърихӣ аст.

XS
SM
MD
LG