Ссылки доступа

Қочоқи 12 кг маводи мухаддир кори гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистону Қазоқистонро мушкил кард (видео)


Дар гузаргоҳи марзии "Гишткуприк"/"Жибек Жолӣ" - байни Ӯзбекистону Қазоқистон садҳо нақлиёт ҷамъ шудааст.

Бархе аз шаҳрвандон гуфтанд, ду рӯз аст, ки наметавонанд, вориди Ӯзбекистон шаванд. Мақомоти Ӯзбекистон сабаби тамбашавии нақлиётро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфт, дар тамбашавии нақлиёт даст надорад.

"Ронандаҳо ба кумитаи гумрук занг заданд. Аз кумита гуфтанд, ки ҳодисаро пайгирӣ мекунанд. Масъулоне, ки дар гузаргоҳ навбатдор ҳастанд, бо мо суҳбат намекунанд, чизеро шарҳ намедиҳанд", - гуфт ронандае, ки дар марз дармондааст.

Як ронандаи дигар хабар дод, маҳдудсозии фаъолияти гузаргоҳи марзӣ байни Ӯзбекистону Қазоқистон ба ошкорсозии маводи мухаддир дар мошини се шаҳрванди Тоҷикистон рабт дорад. Маводи мухаддир рӯзи ҷумъаи гузашта пайдо шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон озими Русия буданд, гуфт ронанда.

Мақомоти Қазоқистон пайдошавии маводи мухаддирро тасдиқ карданд.

"Рӯзи 20 сентябр 12 кг маводи мухаддир аз мошини шаҳрвандони Тоҷикистон пайдо шуд. Ман наметавонам, шахсияти шаҳвардони боздоштшудаи Тоҷикистонро ошкор кунам. Онҳо ҳангоми убур аз марзи Қазоқистон боздошт шуданд. Аммо ман наметавонам тасдиқ кунам, ки пайдосозии маводи мухаддир ба тамбашии мошинҳо дар марз рабт дорад ё на", - гуфт намояндаи хадамоти марзбонии Қазоқистон.

Баъди пайдосозии 12 кг маводи мухаддир дар марзи Ӯзбекистону Қазоқистон навбатпоии тӯлонӣ сар зад

XS
SM
MD
LG