Ссылки доступа

Коҳиши ҳамли нохоста дар оилаҳои тоҷик: дастовард ё камбудӣ? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: додгоҳи норозиён. Яке аз иштирокдорони эътирозҳои зиддичинии Қазоқистонро аз боздоштгоҳ ба додгоҳ бурданд. Вазъи муҳоҷиронии кории Осиёи Марказӣ дар маркази ихроҷи Сувсиг. (видеои Настоящее время)

- Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Афғонистон. То интихоботи президентӣ дар Афғонистон ду рӯзи дигар монд. Сарфи назар аз ин ки номзадҳои асосӣ – Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло – ҳамон ду рақиби панҷ соли пеш ҳастанд, маъракаи интихоботии Афғонистон барои нозирони умури сиёсӣ ва бештаре аз мардум дар Тоҷикистон ҳам ҷолиб аст (видео)

- Бонки исломӣ дар Тоҷикистон. Интизории мардум бароварда мешавад? Масъулони бонки аввалини исломӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар рӯз чандин нафар ба онҳо муроҷиат мекунад, то фоидаву зиёни ҳамкорӣ бо бонки навро фаҳмад. Вале онҳо мегӯянд, "на ҳама чизе, ки мардум интизор доранд, ба низоми бонкдории исломӣ рост меояд" (видео)

- Коҳиши ҳамли нохоста дар оилаҳои тоҷик: дастовард ё камбудӣ? 26-уми сентябр рӯзи байналмилалии васоили пешгирӣ аз ҳамл аст. Мақомоти тоҷик дар ин рӯз гуфтанд, чиҳил дарсади занон дар Тоҷикистон аз васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб истифода мекунанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст (видео)

- "Шумо духтарро барои ҳамхобагӣ бо мард зоида тарбия кардаед?". Ҷазо ба марде барои худкушии занаш, намозгузории муҳоҷирон дар зери жола, мошинҳои бадбӯй дар Душанбе, ҳаёҳу дар атрофи номи футболбозони тоҷик. Баҳсҳои имрӯза дар ОЗОДӢ ОНЛАЙН (видео)

- Истиқболи гарм аз футболбозони навраси тоҷик. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Даҳҳо ҳаводори футбол соати дувуними шаб ба фурудгоҳи Душанбе барои пешвози футболбозони наврас омаданд (видео)

- Бобоёров: Варшава майдони муносиб барои муколамаи тоҷикон набуд. Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик, гуфт, нишасти имсолаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава майдони хубе барои муколамаи намояндагони давлати Тоҷикистон ва гуруҳҳои мухолифин набудааст. Нишаст рӯзи 17-уми сентябр оғоз шуда, 27-уми сентябр ба поён мерасад (видео)

- Ҳуқуқи озодӣ ба ҷамъомадҳо дар Қазоқистон: изҳорот ва воқеият (видео)​

- Мансабдорони завлона ба дасти туркман ба воситаи ТВ дар бораи фасодкории худ мегӯянд. (видео аз Директ)

- Шабгузаронӣ дар зинаҳо ва вуруд ба кохи президент. Дар Қазоқистон модарони серфарзанд гирдиҳамоӣ доранд (видеои Настоящее время)

- Чаро дар Қирғизистон на ҳама аз Бозиҳои кӯчиҳо хушҳоланд (видео аз Директ)

- Мансабдорони туркман бо дастони завлонабаста дар бораи ҷинояткориҳояшон суҳбат карданд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG