Ссылки доступа

Русҳо аз сигоркашӣ ва кабобпазӣ дар айвонҳояшон маҳрум мешаванд


Сар аз 1 октябр дар Русия сигоркашӣ дар айвонҳоро манъ мекунанд. Чунин талабот дар муқаррароти зидди сӯхтор ворид шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод, "истифодаи оташ дар айвонҳо, долонҳо, дохили манзилҳо ва утоқҳои меҳмонхонаҳо манъ мешавад". Ҳамчунин шаҳрвандон аз 1 октябр "ҳақ надоранд, дар айвонҳо кабоб пазанд, шамъ рушан кунанд ва сигор бикашанд".

Дар сурати вайрон кардани ин талабот шахсони воқеъӣ аз 3 то 5 ҳазор рубли русӣ (муодили тақрибан 450 ва 750 сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар 60 дарсади ҳолатҳо сӯхтор дар натиҷаи сигоркашӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG