Ссылки доступа

Марги мармузи зодаи Ӯзбекистон дар манзили генерали турк


Нодира Қодирова, зодаи 23-солаи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон, ки як соли охир дар манзили шаҳрванди Туркия, генерали бознишаста Ширин Унал хизматгорӣ мекард, рӯзи 24 сентябр фавтид.

Ба иттилои расонаҳо, Нодира Қодирова аз таппончаи марбут ба генерал маҷруҳ шуда буд. Ҳодиса субҳи рӯзи 24 сентябр рух дод ва Нодира Қодирова дар бемористони Анқара вафот кард.

Хабар дода мешавад, зодаи Ӯзбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодирова, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Вале расонаҳо менависанд, Қодирова як рӯз пеш аз ҳодиса ба дугонааш паём фиристода, аз "ҳаводиси даҳшатбор" хабар додааст. "Ман чи гуна ба чашми бародарам нигоҳ мекунам? Ман мурдан мехоҳам", - навиштааст Нодира ба дугонааш.

Консулгарии Ӯзбекистон дар Анқара хабар дод, бародари Нодира барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст.

XS
SM
MD
LG