Ссылки доступа

Аз ҷанг бо террор то фалокатҳои табиӣ. Суханронии Расулзода дар Созмони Милал


Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз минбари Созмони Милал хост, кишварҳои узв барои муқобила аз истифодаи Интернет барои паҳн кардани ақоиди ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ кори бештар кунанд.

Ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар шаҳри Ню Йорк дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, “Талошҳо бояд барои аз байн бурдани зербунёдҳои низомии терроризми байналмилалӣ, маҳрум кардани онҳо аз ҳимояти молӣ, сиёсӣ ва низомӣ равона карда шавад. Бояд аз истифодаи Интернет барои ифротӣ кардани ақоид, ҷалби аъзо ва тарғиби ифротгароӣ ва зӯроварӣ пешгирӣ карда шавад.”

Аз соли 2014 то кунун бештар аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ аз ҷумла гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки аксарияти онҳоро аз тариқи Интернет ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ин гуруҳҳо ҷалб кардаанд. Ҳамзамон гуфта нашуд, ки бахши умдае аз ҷалбшудагон ба сафи гуруҳи ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар ҳоле ба он пайвастаанд, ки дар Русия кору иқомат мекарданд.

Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ бештар ба масъалаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид кард. Ӯ аз нишасти байналмилалӣ дар Душанбе дар бораи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ёдоварӣ кард, ки тобистони имсол сурат гирифт.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки бо суистифода аз муборизаи зидди тундгароӣ ва терроризм рақибони сиёсии худро аз саҳнаи сиёсӣ меронад. Ин созмонҳо ба аҳамияти ҳифзи амният ва суботи ҷомеа таъкид мекунанд, вале меафзоянд, талошҳои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм набояд баҳонае барои саркуб кардани мухолифони сиёсӣ бошанд.

Нахуствазири Тоҷикистон айни замон дар бораи тағйири иқлим суҳбат кард ва гуфт, ки ҳарорат дар кишвар дар 60 соли гузашта як дараҷа боло рафтааст ва фалокатҳои табиӣ бар асари он бештар шудаанд. Ӯ гуфт, дар сурати наандешидани чораҳои лозим мумкин аст, пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи аслии оби панҷ кишвари гарму хушки Осиёи Марказӣ ҳастанд, зудтар аз байн бираванд. Аз пиряхҳои Тоҷикистон 60 дар сади оби Осиёи Марказӣ ҳосил мешавад, вале ба сабаби тағйири иқлим ва болоравии ҳарорат дар 30 соли ахир беш аз 1000 пирях дар Тоҷикистон аз байн рафтаанд ва мераванд.

Умдатан дар ҷаласаҳои солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал худи прензиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат менамуд, вале имсол аз Тоҷикистон дар анҷумани мазкур сарвазири ин кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард.

XS
SM
MD
LG