Ссылки доступа

Кормандони пулиси Ӯзбекистон гардани гумонбари 61-соларо шикастаанд


Сардор ва нозири боздоштгоҳи муваққатии Идораи пулиси ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона шоми 25 сентябр бо гумони даст доштан дар куштори ронандаи мошини "Дамас" Абдураззоқ Қодиров боздошт шуданд.

Ба огаҳии додситонии Фарғона, зидди ду корманди Идораи пулиси ноҳияи Ӯзбекистон бо бандҳои "Куштори барқасдона" ва "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин" парванда боз шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ронандаи 61-солаи "Дамас" Абдураззоқ Қодиров аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона 19 сентябр, баъди чанд лаҳзаи озод шудан аз боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт. Ӯро барои "майдаавбошӣ" дастгир карда буданд.

Наздикони Қодиров гуфтанд, ӯро дар боздоштгоҳ шадидан латту кӯб карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони боздоштгоҳ Қодировро як соат пеш аз марг дар ҳолати вазнин ба хонааш бурдаанд.

Яке аз наздикони Абдураззоқ Қодиров гуфт, дар шуъбаи пулис гардани вайро шикастаанд. "Ду корманди пулиси ноҳия соати 10-и шаби 18 сентябр бародарамро ба хона оварданд. Вазъи ӯ хеле вахим буд. Пас аз рафтани кормандони пулис ӯ ҷон дод", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Намояндаи додситонии ноҳияи Ӯзбекистон хабар дод, ки Қодировро дар боздоштгоҳ чанд корманди пулис латту кӯб кардаанд. "Ӯ ҳангоми дар боздоштгоҳ будан чанд бор аз ҳуш рафтааст", - изҳор дошт вай.

XS
SM
MD
LG