Ссылки доступа

"Маркази рушди расонаҳо" аз ҳамла ба наворбардори Радиои Озодӣ нигарон аст


Бунёди ҷамъиятии "Маркази рушди расонаҳо" аз мақомот даъват кард, ки ба ҳамлаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ойбек Кулчуманов вокуниш нишон диҳанд. Бунёди мазкур мегӯяд, ҳамлаи мазкур талоши фишор овардан ба озодии баён ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо аст.

"Маркази рушди расонаҳо" гуфт, қонун "Дар бораи фаъолияти касбии рӯзноманигорон" монеъ шудан ба фаъолияти хабарнигоронро манъ мекунад.

"Дар ҳамин қонун зикр шудааст, ки ҳуқуқи касбӣ, шаъну шарафи хабарнигорро аз сӯи қонун муҳофизат мешавад. Хабарнигор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ аз дахолатнопазирӣ бархӯрдор аст. Таъқиби рӯзноманигор ба хотири матлабҳои танқидӣ манъ аст. Давлат ба рӯзноманигор дастрасии озод ва паҳнсозии иттилоъро кафолат додааст", - шарҳ медиҳад созмон.

"Маркази рушди расонаҳо" аз ҳукумат хост, вокуниш нишон диҳад ва аз мақомот талаб кард, ки тафтиш анҷом диҳад.

Рӯзи 28 сентябр афроди ношинос ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш ҳамла карда, техникаҳои ӯро гирифтанд. Дар пайи шикояти ӯ пулис бо банди "Дуздӣ" тафтишро оғоз кард. Ҷониби дувум низ ба пулис шикоят карда, гуфтааст, дроне, ки хабарнигори радио бо он навор мегирифт, дар назди манзили зисташ ба сари ӯ афтид. Вале дрон вақте аз идора берун шуд, ки афроди ношинос ба хабарнигор ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG