Ссылки доступа

Парвандаи интиқоли $5 миллиони фурудгоҳи Манас ба хориҷ


Хадамоти давлатии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон муайян кардааст, ки 5 миллион доллари корхонаи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" ба воситаи ширкатҳои оффшорӣ ба хориҷ интиқол дода шудааст.

Ба огаҳии хадамот, раҳбарияти "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" соли 2014 барои ба даст овардани 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "Маркази сӯзишворӣ", ки он замон дар вартаи муфлисшавӣ қарор дошт, созишномаеро ба имзо расондааст.

Ширкати "Ф.С.Л.", ки раҳбараш шаҳрванди Қибрис аст, моҳи декабри соли 2014 ба "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" пешниҳод кардааст, ки ҳамаи саҳмияҳои "Маркази сӯзишворӣ"-ро бар ивази 7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намояд.

Сардори бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. ва сардори идораи моливу иқтисодии он А.Ж. фаъолияти "Маркази сӯзишворӣ"-ро таҳқиқ карда, фиреб додаанд, ки ширкат манфиатовар буда, қарздор нест. Дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доштани онро пинҳон кардаанд.

Дар асоси ин хулоса 25 декабри соли 2014 "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" саҳмияҳои ширкати мазкурро бар ивази 5 миллион доллар харидорӣ карда, ду рӯз пас маблағро ба ҳисоби бонкии ду ширкати оффшорӣ интиқол додааст.

Дар робита ба қазияи мазкур бо банди "Беҳуда сарф кардани амволи вогузоршуда дар ҳаҷми махсусан калон" парвандаи ҷиноӣ боз ва сардори пешини бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. боздошт шудааст.

Мудири иҷроияи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" дар солҳои 2013 - 2016 Албек Иброимов аз соли 2018 дар ҳабс буда, зиддаш чандин айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG