Ссылки доступа

Конҳо холӣ мешаванд? Коҳиши тавлидоти чиниҳо ҳукуматро нигарон кардааст


Коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар "Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой" дар ноҳияи Гулистон ҳукумати Тоҷикистонро нигарон кардааст. Кумитаи андоз соле пеш ин ширкатро яке аз бузургтарин андоздиҳандагони Тоҷикистон номида буд.

Масъалаи коҳиши истеҳсолот дар «Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой», дар болотарин сатҳ -- маҷлиси ҳукумат баррасӣ шудааст, чун коҳиши тавлидот дар ин корхона барои будҷаи кишвар хеле ҳассос аст ва боис ба камомади қобили мулоҳизаи маблағ ба будҷаи кишвар мешавад.

Бинобар ин дар қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019» ба Вазорати саноат ва мақомоти маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки «сабабҳои коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кўҳии саноати Тоҷикистону Хитой"-ро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва таъмини афзоиши истеҳсолот чораҳои таъхирнопазир андешад».

Файзнокии маъдан кам шудааст?

Cуҳайлӣ Қурбонов, сардори раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар «Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой» «кам шудани файзнокии маъдан» аст.

Бо коҳиши тавлидот андозҳои ба будҷа супурдаи ин ширкат коҳиш ёфтанд. Роҳбарии ин ширкатро Ли Шен Жен, шаҳрванди Чин бар уҳда дорад ва кӯшишҳои Радиои Озодӣ ҷиҳати тамос гирифтан бо ӯ бенатиҷа буд. Танҳо як масъули тоҷикзабони ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар коҳиши тавлидот шуморе аз коргарон ҳам бекор монданд, вале ӯ аз зикри теъдоди дақиқи ин коргарон худдорӣ варзид.

Озифхон Шарифзода, раиси шӯъбаи саноати ҳукумати вилояти Суғд дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ коҳиши истеҳсолот дар ин ширкатро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар бораи сабабҳои вазъи ба вуҷудомада ба ҳукумат гузориш доданд. Аммо оқои Шарифзода аз додани иттилои бештар дар ин робита сарпечӣ кард.

Нигаронии Тоҷикистон аз коҳиши тавлидот дар «Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой» дар ҳоле рух медиҳад, ки ба иттилои Вазорати молия, қисмати даромади будҷаи кишвар дар 8 моҳи соли 2019 ба пуррагӣ иҷро нашудааст. Дар ин давра ба будҷа 14 миллиарду 511 миллион сомонӣ (муодили 1,4 миллиард доллар) маблағ ворид шудааст, ки 96,8 дарсади нақша аст, беш аз се дарсади даромади будҷаи кишвар иҷро нашудааст.

«Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой» - ширкати муштараки Тоҷикистону чин аст, ки аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Беш аз 70 дарсади саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри ширкати дигари Чин-Global New Technology Imp. & Exp аст. Ин ширкат ҳамзамон аз се кон дар Мастчоҳ ва Гулистон - «Олтин-топканд», «Зарнисор», «Пай булоқ» маъдан истихроҷ карда, дар ниҳоят, хокаи мис, сурма, рӯҳ ва қурғошим (сурб) истеҳсол мекунад.

Бист ширкат -- масъули 12 дарсади будҷа

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз соли гузашта «Ширкати куҳии саноати Тоҷикистону Хитой»-ро дар баробари корхонаи тилои “Зарафшон”, ки низ ба чиниҳо тааллуқ дорад бузургтарин андозсупорандаи Тоҷикистон унвон карда буд. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, 20 ширкати саноатӣ, ки ин ду ширкат ҳам шомили онҳоянд, 12 дарсади маблағҳои будҷаи давлатро мепардозанд.

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксарияти конҳои тилои Тоҷикистонро низ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистон Чин -- “Зарафшон”, чиниҳо кони тилои “Покруд” дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гамидиҳии Душанбе парвонаи ду кони тило дар ноҳияи Айнӣ -- “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро ба даст овард.

Сотим Умаров, иқтисоддон ва коршиноси иқтисоди байналмиллалӣ мегӯяд, вобастагии Тоҷикистон на танҳо аз қарзҳои хориҷии Чин балки аз ширкатҳояш низ меафзояд ва давлатро зарур аст вусъати ин хатарҳоро кам кунад.

“Ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон на танҳо ба таври фаъолона ба истихроҷи маъдан машғуланд, балки доираи фаъолияташон то ҳадде боло рафт, ки ҳамакнун пуршавии будҷаи кишвар ба кори онҳо вобаста аст. Давлати Тоҷикистонро зарур аст, манбаъҳои даромади будҷаро диверсификатсия (гуногун) созад то ки танҳо вобастаи корхонаҳои Чин ва сармояҳои як кишвар набошад”, -- иброз дошт Умаров.

Коршиноси тоҷик мегӯяд, сиёсати тавсеаталабонаи Чин ва ширкатҳояш дар ҷаҳон бо формулаи “сармоя бар ивази сарватҳои зеризаминӣ” маълум аст. Чин бо ҳамин шева дар 21 давлати Африқо тайи панҷ соли охир сармояҳои ҳангуфтро ворид карда, бар ивазаш конҳои нуқраву тило ва маъданҳои қиматбаҳои дигарро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG