Ссылки доступа

Ӯзбекистонии дар Туркия кушташударо дар фоҳишагӣ айбдор карданд


Додситонии Туркия ба омӯзиши парвандаи марги зодаи Ӯзбекистон, Нодира Қодироваи 23-сола шуруъ кард, ки рӯзи 24 сентябр дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал аз таппонча кушта шуд.

Дар ин бора расонаҳои Туркия хабар доданд. Додситонӣ Лайло Ниёзова, дугонаи Нодираро бозпурсӣ кардааст. Муфаттишони додситонӣ Нодираи кушташуда ва дугонаи ӯро дар фоҳишагӣ айбдор мекунанд.

"Ман ҳаргиз Нодираро ба фоҳишагӣ маҷбур накарда ва чунин шароит ҳам фароҳам наовардаам. Ман ба Тошканд маҳсулоти нассоҷӣ мефиристам ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меорам. Нодира ҳаргиз дар манзили ман шабро рӯз накардааст", - гуфтааст Лайло Ниёзова дар ҷараёни бозпурсӣ.

Ба иттилои расонаҳо, Нодира Қодирова аз таппончаи марбут ба генерал маҷруҳ шуда буд. Ҳодиса субҳи рӯзи 24 сентябр рух дод ва Нодира Қодирова дар бемористони Анқара вафот кард.

Хабар дода мешавад, зодаи Ӯзбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодирова, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Консулгарии Ӯзбекистон дар Анқара хабар дод, бародари Нодира барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст.

XS
SM
MD
LG