Ссылки доступа

Тоҷикистон боз як кони худро ба сармоягузорони Чин дод (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: Мирзиёев дар бораи симои зоҳирии модари ӯзбек. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пас аз дастури баҳсбарангези раиси вилояти Фарғона барои мубориза бо ҳиҷобу риш талош кард, сокинони кишварашро ором созад. Тоҷикистон боз як кони худро ба сармоягузорони Чин дод, ки танҳо пас аз 7 сол андоз хоҳанд супурд. 70-умин солгарди истиқлоли давлатии Чин. (видеои Настоящее время)

- Осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф -- таърихи варзиши тоҷик. Бозии миёни дастаҳои футболи "Динамо"-и Маскав ва "Помир"-и Душанбе дар соли 1989. Дастаҳое, ки 30 сол пеш дар чемпионати СССР дар лигаи олӣ бозӣ мекарданд. Сабти ин бозӣ ҷузъе аз маводи осорхонаи шахсии шореҳи шинохтаи варзиш Нарзуллоҳи Латиф аст. (видео)

- "Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар сойи Тебалай. Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, ки дар 9 моҳи ахир чандин бор маҷрои Тебалайро аз партовҳои пластикӣ пок кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ёд надоранд маҷрои ин сой бори охир кай аз партовҳо пок карда шудааст (видео)

- Раҳимов: Вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтан аст. Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, гуфт, вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни тимҳои мунтахаби зери 19-сола мебошад. Вай дар ин бора рӯзи 1-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳори назар кард (видео)

- Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард. Ин маърака бо ҳузури ҳарбиён ва техникаҳои низомӣ рӯзи 1-уми октябр дар майдони Тиёнанмени Пекин баргузор шуд (видео)

- Дар Қирғизистон ба наворбардори Радиои Озодӣ ҳамла карданд. (видео аз Директ)

-​ "Чин – бадӣ барои башарият!" Эътирозҳои зиддичинӣ дар Алмато. (видеои Настоящее время)

- Ашраф Ғанӣ: "Истифодаи неру ҳатто баррасӣ намешавад". Дар миёни номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ ҳам ҳаст. (видеои Настоящее время)

- Пули нав баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Баъд аз ду ҳафтаи муноқишаи маргбор дар байни ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, мақомоти ду тараф пулеро ба истифода доданд, ки равуои сокинони наздимарзиро осон мекунад. Ин пул ду сол пеш вайрон шуда буд (видео)

- Корхонаҳои шакари Қирғизистон чи гуна ба вартаи варшикастагӣ наздик шуданд (видео аз Директ)

- Арабистони Саудӣ визаи сайёҳӣ таъсис дод (видео аз Директ)

- Теракту раъйдиҳӣ. Амниятро дар интихоботи президентии Афғонистон чи гуна таъмин карданд (видео аз Директ)

- Донбасс дар интизори сулҳ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG