Ссылки доступа

Аксияи ҷавонони тоҷику қирғиз барои коҳиши танишҳои марзӣ


Гурӯҳе аз ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли мусолиматомези даргириҳои марзӣ иқдомотеро рӯйи даст гирифтаанд.

Минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари ҳар чанд вақт шоҳиди танишҳоест, ки дар бисёре аз мавридҳо боис ба кушта ва захмӣ шудани сокинон ва марзбонони ду тараф мешавад.

Баргузоркунандагон ҳадаф аз ин иқдомро наздик кардани сокинони ду кишвар барои коҳиши танишҳо дар минтақа мегӯянд. Ин чорабиниҳо ба таври умда дар минтақаҳои марказӣ ва дур аз маҳаллӣ даргириҳои марзии гузашта баргузор мешавад. Зеро тибқи гуфтаи баргузоркунандагон, дар ин ҷойҳо ба далели дурӣ аз минтақаҳои пуртаниши марзӣ, сокинони маҳаллӣ бештар таҳти таъсири овозаҳо ва маълумоти нодуруст қарор мегиранд.

Баргузоркунандагон мегӯянд, дар доираи ин чорабиниҳо, дар Ҷалолободу Хуҷанд, Бишкек, Панҷакент, Ӯш, Конибодом, Бодканд, Исфара, Лайлак ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷавонон чорабиниҳои хиёбонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунанд, дар мавриди сулҳ баҳс менамоянд, озмуни наққошии беҳтаринро доир мекунанд ва ҳамзамон кӯчаву хиёбонҳоро аз партовҳо пок мекунанд. Ин аксия аз охири моҳи сентябр оғоз ёфта ва то нимаи моҳи октябр идома мекунад.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони аксия, ин барномаҳои якрӯза дар мактабҳо, паркҳо, майдонҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ ба ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ дар кумак ба коҳиши сатҳи танишҳои изтирорӣ баргузор мешавад.

Ин тарҳ бо пуштибонии Созмони Мушорикати ҷаҳонии пешгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар зери чатри шабакаи "Водии сулҳ" муттаҳид ҳастанд, амалӣ мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG