Ссылки доступа

Ҷузъиёти марги ду кӯдак аз заҳролудшавӣ дар Фархор (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: мақомоти тоҷик киҳоро "шикор мекунанд". Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти тоҷик аъзои пушаймоншудаи созмонҳои мамнуъро "шикор" мекунанд. (видеои Настоящее время)

- "Аз муҳоҷират хаста шудаам, вале баргашта наметавонам, чаро?". Дар ин шумораи "Озодӣ Онлайн" се видеои фиристодаи муҳоҷиронро мебинем ва аз вокунишҳо ба латту кӯби як хонандаи мактаб дар Исфара ва тиҷорати гули як соҳибкори тоҷик дар Амрикои Лотин мегӯем (видео)

- "Садграммӣ" бас шуд ё муборизаи Русия бо майнӯшӣ натиҷа медиҳад? (видео)

- Ҷузъиёти марги ду кӯдак аз заҳролудшавӣ дар Фархор. Бар асари заҳролудшавӣ дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор ду кӯдак ҷон бохта, се тани дигар дар бемористон ҳастанд. Ҳодиса рӯзи 28-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Пизишкон мегӯянд, сабаби заҳролудшавии кӯдакон рустание бо номи “дарахти ҳиндӣ” будааст. Тафсилотро дар навори видео бибинед (видео)

- "Облава"-и хабарнигор дар рӯзи аввали даъват ба артиш. Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аз як мавриди "облава" ё ҷалби маҷбурӣ ба хидмати сарбозӣ гузориш шуд. Дар ҳоле ки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд ва иддао доранд, ки солҳои ахир сафи довталабони хидмат дар артиш афзудааст (видео)

- "Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар сойи Тебалай. Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, ки дар 9 моҳи ахир чандин бор маҷрои Тебалайро аз партовҳои пластикӣ пок кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ёд надоранд маҷрои ин сой бори охир кай аз партовҳо пок карда шудааст (видео)

- Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард. Ин маърака бо ҳузури ҳарбиён ва техникаҳои низомӣ рӯзи 1-уми октябр дар майдони Тиёнанмени Пекин баргузор шуд (видео)

- Дар Қирғизистон ба наворбардори Радиои Озодӣ ҳамла карданд. (видео аз Директ)

-​ "Чин – бадӣ барои башарият!" Эътирозҳои зиддичинӣ дар Алмато. (видеои Настоящее время)

- Ашраф Ғанӣ: "Истифодаи неру ҳатто баррасӣ намешавад". Дар миёни номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ ҳам ҳаст. (видеои Настоящее время)

- Корхонаҳои шакари Қирғизистон чи гуна ба вартаи варшикастагӣ наздик шуданд (видео аз Директ)

- Арабистони Саудӣ визаи сайёҳӣ таъсис дод (видео аз Директ)

- Теракту раъйдиҳӣ. Амниятро дар интихоботи президентии Афғонистон чи гуна таъмин карданд (видео аз Директ)

- Донбасс дар интизори сулҳ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG