Ссылки доступа

Аз сарвазири Қирғизистон хостанд, "Шабакаи панҷум"-ро фурӯшад


Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон ба сарвазири он кишвар Муҳаммадқулӣ Абилғозиев пешниҳод кард, ки телевизиони "Шабакаи панҷум"-ро фурӯшад. Пешниҳоди Бекешев рӯзи 1 октябр дар як муроҷиати видеоӣ садо дод.

Вай афзуд, ба зудӣ бо навиштани номае ба сарвазир пешниҳод хоҳад кард, ки "Шабакаи панҷум" бояд фурӯхта шавад.

"Вақтҳои охир мо мушоҳида мекунам, ҳамин ки "Радиои Озодӣ" таҳқиқоти рӯзноманигорие нашр кард, "Шабакаи панҷум" вориди майдон мешавад. Ин шабакаи давлатӣ аст, набояд озодии матбуотро танқид кунад. Чунин хулосае ҳосил мешавад, ки танқид аз номи давлат садо медиҳад. Ман бар ин назарам, ки ин шабака ба мо лозим нест, бояд он фурӯхта шавад", - гуфт вакили порлумон.

"Шабакаи панҷум" дар Қирғизистон соли 2005 баъди аз мақом барканор кардани президенти вақти он кишвар Аскар Оқоев таъсис шуд. Соли 2010 телевизиони мазкур миллӣ гардонида шуд. Дар соли 2011 "Шабакаи панҷум" ба ихтиёри порлумон дода шуд.

XS
SM
MD
LG