Ссылки доступа

Дар Қирғизистон хонандаи синфи 5 зери чархи автобус ҷон дод


Дар деҳаи Кун-Тууи ноҳияи Сокулуки Қирғизистон як хонандаи синфи 5-ум зери чархи автобуси мусофирбар монда, ҷон бохт.

Дар ин бора Идораи таъмини бехатарӣ дар роҳҳои вилояти Чӯйи Қирғизистон иттилоъ дод.

Ҳодиса 3 октябр рух додааст. Бино ба хабарҳо, пойи кӯдак, ки аз дари пушти автобус берун мешуд, дар мондааст ва ронанда низ бехабар аз ин ҳаракат кардааст. Дар натиҷа хонанда зери чархи автобус монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG