Ссылки доступа

Имом-хатибони тоҷик корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: ходимони масҷидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Кормандони пулиси Русия, ки аз тарси онҳо муҳоҷирони ӯзбек худро аз ошёнаи дувум ба замин партофта буданд, бе ҷои кор монданд. Ходимони масҷидҳои Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки корбари шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, ба суолҳо посух диҳанд. Ӯзбекистон омодагӣ барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро оғоз кард. (видео Настоящее время)

- Имом-хатибони тоҷик корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд. (видео аз директ)

- Осиё: мақомоти тоҷик киҳоро "шикор мекунанд". Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти тоҷик аъзои пушаймоншудаи созмонҳои мамнуъро "шикор" мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Ҷамшед Ёров: Бузургмеҳр дархости афв аз президентро имзо накард. Бахши аввали суҳбат бо Ҷамшед Ёров, бародари вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, дар бораи ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел ва шароити зиндонҳо (видео)

- Сайтбандӣ ба Русия сироят кард. Маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ амри маъмулӣ аст ва мо низ одат кардем, вале он чизе ки бештариҳоро ҳайрон намудааст, акнун бастани сайтҳое ки барои Осиёи Марказӣ ташкил шудаанд дар Русия роиҷ мешавд (видео)

- "Садграммӣ" бас шуд ё муборизаи Русия бо майнӯшӣ натиҷа медиҳад? (видео)

- Ҷузъиёти марги ду кӯдак аз заҳролудшавӣ дар Фархор. Бар асари заҳролудшавӣ дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор ду кӯдак ҷон бохта, се тани дигар дар бемористон ҳастанд. Ҳодиса рӯзи 28-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Пизишкон мегӯянд, сабаби заҳролудшавии кӯдакон рустание бо номи “дарахти ҳиндӣ” будааст. Тафсилотро дар навори видео бибинед (видео)

- "Облава"-и хабарнигор дар рӯзи аввали даъват ба артиш. Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аз як мавриди "облава" ё ҷалби маҷбурӣ ба хидмати сарбозӣ гузориш шуд. Дар ҳоле ки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд ва иддао доранд, ки солҳои ахир сафи довталабони хидмат дар артиш афзудааст (видео)

- Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард. Ин маърака бо ҳузури ҳарбиён ва техникаҳои низомӣ рӯзи 1-уми октябр дар майдони Тиёнанмени Пекин баргузор шуд (видео)

- Дар Қирғизистон ба наворбардори Радиои Озодӣ ҳамла карданд. (видео аз Директ)

-​ "Чин – бадӣ барои башарият!" Эътирозҳои зиддичинӣ дар Алмато. (видеои Настоящее время)

- Ашраф Ғанӣ: "Истифодаи неру ҳатто баррасӣ намешавад". Дар миёни номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ ҳам ҳаст. (видеои Настоящее время)

- Корхонаҳои шакари Қирғизистон чи гуна ба вартаи варшикастагӣ наздик шуданд (видео аз Директ)

- Донбасс дар интизори сулҳ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG