Ссылки доступа

"Мубаллиғони терроризм" дар Қазоқистон баъди чанд рӯзи гуруснашинӣ дубора ба хӯрдани ғизо шуруъ карданд


Ду тан аз ҳашт "мубаллиғи терроризм" дар Қазоқистон, ки моҳи гузашта ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда ва баъди он гуруснашинӣ эълом карданд, рӯзи 3 октябр дубора ба хӯрдани ғизо шуруъ намуданд.

Дар ин бора Сауле Нургалиева, модари яке аз маҳкумшудаҳо хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30 сентябр хабар расид, ҳашт "мубаллиғи терроризм" ва "барангезандаи бадбинӣ" бо талаби бозбинии парвандаандшон гуруснашинӣ эълом карданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар дода буданд.

Зиндониён ҳамчунин ба унвонии президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев нома ирсол карданд.

Пайвандони зиндониён гуфтанд, агар давоми даҳ рӯзи оянда мақомот вокуниш нишон надиҳанд, ба маъракаи гуруснашинии наздиконашон ҳамроҳ хоҳанд шуд. Додгоҳи Алмато рӯзи 5 август ҳашт тан аз айбдоршавандагони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтаи бадбинӣ"-ро солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундагроёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG