Ссылки доступа

"Нияти ҳамла" шаҳрванди Қазоқистонро 10 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Алматои Қазоқистон як мардро бо айби ҳамкорӣ бо террористон 10 сол зиндонӣ кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон 11 октябр хабар дод.

"Айбномаи Битимбоев А.Ж. эътибори қонунӣ пайдо кард. Вай дар омодагӣ ба амали террористӣ, таблиғи терроризм, ангехтани бадбинии динӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор шуд", - омадааст дар хабари КДАМ.

"Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки вай бо истифода аз маводи тарканда дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон таркиш ташкил кардан мехост", - хабар дод кумита.

Марди гумонбар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Алмато боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, вай тасмим дошт, ба Сурия рафта ба сафи ҷангҷӯён пайвандад.

Мақомоти Қазоқистон соли гузашта хабар дода буданд, ки аз оғози ҷангҳо дар Шарқи Наздик наздики 800 шаҳрванди Қазоқистон ба сафи гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд. Аз оғози соли ҷорӣ бештар аз 500 шаҳрванди Қазоқистон, асосан занону кӯдакон аз Сурия ба Қазоқистон баргардонида ва бархе аз онҳо дар Қазоқистон зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG