Ссылки доступа

Қирғизистон тариқи CASA-1000 барқро 5,5-сентӣ фурӯхтанист


Қирғизистон тасмим дорад, пас аз соли 2023 ба воситаи тарҳи CASA-1000 бо нархи 5,5 сент ба хориҷ нерӯи барқ содир кунад.

Дар ин бора муоиви раиси Кумитаи давлатии саноат ва энергетикаи Қирғизистон Айтмамат Қодиров дар ҷаласаи кумитаи порлумони ин кишвар дар умури молӣ ва будҷа иттилоъ дод.

Қодиров дар посух ба суоли вакилон гуфт, тарҳи мазкур соли 2023 ба кор даромада, ҷониби Қирғизистон дар ҳоли ҳозир тамоми талаботи ҷадвалро иҷро мекунад. "Аз соли 2023 тарҳи CASA-1000-ро иҷро мекунем. Пештар ҳам гуфта будем ва ҳамаи шумо хуб медонед, ки нархи як киловатт соат нерӯи барқро 5,5 сент мефурӯшем. Ҳамчунин пас аз бозсозии нерӯгоҳ 430 мегаватт нерӯи барқи изофӣ хоҳем дошт. Имкони ба даст овардани то 6 млрд соми дигар фароҳам мешавад", - афзуд ӯ.

Тарҳи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад.

Нерӯи барқи Қирғизистон ба ин шабака аввал аз тариқи Хуҷанд ва сипас ба воситаи ҳалқаи ягонаи барқии Тоҷикистон бояд бирасад. CASA-1000 қодир хоҳад буд, 1000 мегават нерӯи барқро ба Покистон ва 300 мегаватро ба Афғонистон бирасонад.

XS
SM
MD
LG