Ссылки доступа

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чатрдорон зидди рӯзноманигорон. Хабарнигороне, ки эътирозҳои Қазоқистонро бозтоб мекунанд, мегӯянд, вақтҳои ахир афроди ниқобпуш ба кори онҳо халал расонда, ҳангоми наворгирӣ чатрҳоро дар рӯбарӯи дурбинашон мегузоранд. Шахсияти ин нафарон маълум нест, вале зоҳиран кормандони пулис ҳам ба онҳо чизе намегӯянд. (видео)

- Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Корбурди барқ коҳиш хоҳад ёфт? Мавсими гармкунии хонаҳо дар шаҳри Душанбе имсол аз охири октябр шурӯъ шуд. Маркази гармӣ ва барқ акнун ҳардуро ба мардум мерасонад, а​ммо ба фарқ аз соли гузашта, сокинон барои ҳарду маблағи бештар пардохт хоҳанд кард (видео)

- Шасту панҷ нафар дар қатори Покистон ҳалок шудаанд. Дар натиҷаи оташ гирифтани як қатор дар Покистон даҳҳо нафар куштаву маҷруҳ шуданд. Дар қаторе, ки аз шаҳри Равалпиндӣ ба Карочӣ мерафтааст, зоҳиран оташ дар муддати кӯтоҳе паҳн шуда ва ба мусофирон имкони наҷот надодааст (видео)

- Зерзаминиҳои Душанбе -- гоҳе аз хушбӯӣ маст мешавӣ, гоҳе ҳам мегӯӣ, набиниву набӯӣ (видео)

- Баҳоиёни Тоҷикистон. Бе таблиғи оин, вале бо рафтори баҳоӣ (видео)

- Ду хонаводаи осебдида аз сел пас аз моҳҳо зиндагӣ дар масҷид чӣ вазъ доранд? (видео)

- Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа. Зиндонҳои пур, утоқҳои танг ва шароити бади зиндонҳо аз мавзуҳое аст, ки мақомоти расмӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато баррасӣ мекунанд. Коҳиш додани теъдоди зиндониён, аз бурдани шиканҷа мавзуҳои аслии ин нишаст аст, ки рӯзи 28-уми октябр шуруъ шуд. (видео)

- Видео аз маҳалли кушта шудани раҳбари ДИ. (видеои Настоящее время)

- Элмира Ногойбоева: Мо ҳамдигарро кам қадр мекунем, руҳбаланд месозем ва кумак мекунем. Элмира Ногойбоева - муҳаққиқи қирғизистонӣ. Вай ҳамроҳ бо ҳамфикронаш саргузашти касонеро гирдоварӣ мекунанд, ки шоҳиди зиндаи таърих буданд (видео)

- Мақомоти Қирғизистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ кумак хостанд (видео)

- Зебосанами Украина-2019 гуфт, ки Қрим аз кист (видео аз Директ)

- Трамп аз "пешравии бузург" дар Сурия хабар дод (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG