Ссылки доступа

Дучарха ба ятимон - туҳфаи президенти Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, прзиденти Туркманистон ба яке аз ятимхонаҳои шаҳри Ишқобод дучарха тақдим кардааст. Дучархаҳоро аз номи президент аъзои ҳукумат, роҳбарони созмонҳои иҷтимоӣ ва роҳбарони донишгоҳҳо тақдим намуданд.

Ба навиштаи расонаҳо, рӯзи 30 октябр мансабдорон ба ятимхонаи "Döwletliler köşgi" рафта, аз номи президент ба тарбиятгирандагон дучарха тақдим карданд. Баъди тақдими дучархаҳо маросими дучархаронии дастаҷамъӣ сурат гирифт, ки дар он варзишкорону донишҷӯён ва вазирону дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, пештар аз ин дучархаҳои мазкур ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо нишони эътирофи саҳмаш дар рушди варзиш тақдим шуда буданд.

Дар Туркманистон варзиши дучархасаворӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ таблиғ мешавад, ки ташаббускораш роҳбари он давлат аст. Ҳамасола дар Туркманистон рӯзи дучарха низ таҷлил мегардад. Ҳазорон одам дар маросими дучархаронии дастаҷамъӣ ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG