Ссылки доступа

Сокини Самарқанд барои таҷовузи ҷиянаш 16 сол зиндонӣ шуд


Як сокини Самарқанди Ӯзбекистон ду бор ба номуси ҷияни 9-солааш дастдарозӣ кардааст. Ба иттилои расонаҳо, мард духтарчаро бо корду табар ба қатл ва амалҳои хушунатомез таҳдид мекардааст.

Нахустин ҳолати дастдарозӣ ба номуси ноболиғ 1 феврали соли 2019 рух додааст. Он рӯз мард дар ҳолати мастӣ буда, хонандаро бо роҳи фиреб ба хона даровардааст. Сипас бо корд таҳдид ба қатл ва таҷовуз кардааст.

Мард пас аз тақрибан якуним моҳ боз ба номуси ҷиянаш расидааст. Ин бор ӯро бо табар тарсондааст.

Парвандаро Додгоҳи вилоятии Самарқанд баррасӣ ва мардро 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ҳамчунин айбдоршуда иҷборан аз муътод шудан ба нушокиҳои спиртӣ табобат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG