Ссылки доступа

Трамп: макони нави имзои созишномаи тиҷорӣ бо Чин ба зудӣ эълом мешавад


Президенти ИМА Доналд Трамп 31 октябр гуфт, Вашингтон ва Пекин ба зудӣ макони нави мулоқоти ӯ бо ҳамтои чинияш Сӣ Ҷинпинро эълом хоҳанд кард. Қарор аст, дар ин мулоқот созишномае имзо шавад, ки ба қатъи ҷанги тиҷорӣ миёни ду кишвар равона шудааст.

Як рӯз пеш аз ин, мақомоти Чилӣ аз лағви саммити Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар ин кишвар хабар доданд, ки қарор буд, миёнаҳои моҳи равон баргузор шавад. Интизор мерафт, ҳамоиши мазкур ба коҳиши ташаннуҷ миёни ИМА ва Чин мусоидат кунад.

"Чин ва ИМА масъалаи интихоби макони навро барои имзои бахши аввали созишномаи тиҷорӣ баррасӣ доранд", - навишт ӯ дар Твиттер.

"Макони нав ба зудӣ эълом мешавад. Президент Сӣ ва президент Трамп созишномаро имзо мекунанд", - афзуд Трамп.

Мақомоти Чилӣ баргузории саммити мазкурро дар пасманзари эътирозҳои ахири зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар бекор карданд.

XS
SM
MD
LG