Ссылки доступа

Ҷанҷоли шиноснома дар Қирғизистон: ширкати литвонӣ аз додгоҳи байналхалқӣ ёдовар шуд


Ширкати литвонии "Гарсу Пасаулис", ки дар озмуни таҳияи шиносномаҳои электронӣ дар Қирғизистон пирӯз шуда буд, ёдовар шуд, ки ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ муроҷиат хоҳад кард.

Ширкат хабар дод, ки пештар аз ин ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва сарвазири он кишвар Муҳаммадқулӣ Абилғозиев бо ҳадафи ҳалли сулҳомези баҳс нома ирсол шуда буд. Аммо аз ҷониби Қирғизистон посухе дарёфт нашуд.

"Ҳоло такроран нома ирсол шудааст. Ширкат хабар медиҳад, ки омода аст, муамморо бидуни додгоҳ ҳал кунад", - гуфт вакили мудофеи ширкат Бактибек Ҷумъаев.

Ширкати литвонӣ ҳанӯз дар моҳи майи соли ҷорӣ хабар дода буд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳад буд. Ин ширкат аз Қирғизистон 12 миллион евро ҳамчун даромади аздастрафта ва 50 миллион евро ҳамчун ҷуброни зарар ба нуфуз талаб дорад.

Дар Қирғизистон қарор буд, сар аз соли 2019 нашри шиносномаи умумишаҳрвандии электронӣ шуруъ шавад. Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон озмуни хариди бланка ё варақаҳои шиносномаҳои навро эълом карданд. Панҷ ширкати хориҷӣ дар ин озмун иштирок карданд ва ширкати литвонии "Гарсу Пасаулис" пирӯз эълом шуда буд. Аммо ширкати олмонии Muhlbauer ID Services ва фаронсавии IDEMIA France гуфтанд, ки "дар ҷараёни озмун тақаллуб сурат гирифтааст". Ин ширкатҳо бекорсозии натиҷаи озмунро талаб карданд.

Моҳи феврал аз рӯи тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва намояндагони Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар фасодкорӣ айбдор шуданд.

Моҳи май додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон озмуни таҳияи шиносномаҳоро бекор кард, ки дар он ширкати литвонӣ пирӯз шуда буд.

Талант Абдуллоев, як масъули Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар навори видеоие эътироф кард, ки аз манфиатҳои ширкати литвонӣ ҳимоят кардааст ва ширкат ба вай 20 ҳазор доллар пора додааст.

XS
SM
MD
LG