Ссылки доступа

Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин


Ҷейммӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз тасмими ин вазоратхона, ки бархе хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодиро сабти ном накард ва барои бархе дигар барои муҳлати кутоҳ иҷозаи фаъолият дод, интиқод намуд.

Оқои Флай тайи ин нома гуфтааст, ки ин тасмим монеи анҷоми рисолати рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар дохили Тоҷикистон мешавад.

"Ба ҷои пардохтан ба нигарониҳои мо, вазоратхонаи шумо фақат дирӯз ба дархостҳои бор-бори мо барои дарёфти аккредитасия посух дод. Ва он ҳам ба танҳо бо тайъиди ҷузъӣ, ки ҳуқуқҳои аслии рӯзноманигорони мо барои корро ба расмият намешиносад",- омадааст дар номаи Ҷеймми Флай.

Дар номаи Ҷеймми Флай ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ "ба фишорҳо дар мавриди гузоришҳоямон дар мавриди Тоҷикистон ва берун аз он тан нахоҳад дод". Ӯ аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки "ҳама хабарнигорони Радиои Озодиро фавран сабти ном кунад ва иҷоза диҳад, ки вазифаашонро иҷро намоянд".

Рӯзи 31-уми октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мӯҳлати аккредитатсия ё парвонаи кори 7 хабарнигори Радиои Озодиро тамдид кард. Аккредитатсияи шаш тан аз ин хабарнигорон барои шаш моҳ ва аз як тани дигар барои ҳамагӣ 3 моҳ тамдид шудааст.

Аммо пас аз ин низ 11 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳамчунон мунтазири баррасии дархосташон барои гирифтани аккредитатсия мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр аз тамдиди муҳлати аккредитатсияи ҳафт хабарнигори Радиои Озодӣ истиқбол кардааст. Дафтари матбуотии Сафорати ИМА бо пахши як иттилоия гуфт, "бесаброна" мунтазири пурра фаъол будани Радиои Озодӣ ҳастанд.

Чун ба гуфтаи масъулони Сафорати Амрико, "рушди дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон ба ҳифзи озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқи рӯзноманигорон бидуни тарси сензура ё интиқом бастагӣ дорад."

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Ин барои бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз чанд охирин манбаъҳои хабарҳои мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо 830 000 обуначӣ ва 200 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

XS
SM
MD
LG