Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқи ӯзбекистонӣ Агзам Тургунов соҳиби ҷоизаи People in Need шуд


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи People in Need (Афроди ниёзманд), ки дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ҷойгир аст, 31 октябр ба ҳомии ҳуқуқи ӯзбекистонӣ Агзам Тургунов ҷоизаи байналхалқии "Таърихи беадолатӣ" тақдим кард.

Ин созмон 15 соли охир ҷоизаи "Таърихи беадолатӣ"-ро ба касоне тақдим мекунад, ки "аз сӯи ҳукуматҳои худкома таъқиб мешаванд".

Дар изҳороти People in Need ба "Агзам Тургунов ба хотири шуҷоаташ дар баробари низоми худкома дода мешавад".

Агзам Тургунови 66-сола айни ҳол ба ҳимояи афроде машғул аст, ки аз фаъолиятҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шикоят доранд.

Агзам Тургунов яке аз ҳомиёни машҳури ҳуқуқи Ӯзбекистон аст, ки замони президентии Ислом Каримов зиндонӣ шуд ва танҳо баъди марги вай аз зиндон озод гардид.

Тургуновро соли 2008 бо айби "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" зиндонӣ карданд ва танҳо баъди 8 сол озод гардид. Созмонҳои байналхалқӣ ӯро "зиндонии сиёсӣ" эътироф карда буданд.

XS
SM
MD
LG