Ссылки доступа

Эҳтимол аст, дар марзи Қирғизистону Чин маркази ҳамлу нақл таъсис ёбад


Эҳтимол меравад, дар минтақаи марзии Қирғизистон бо Чин маркази ҳамлу нақл ва тиҷорие ташкил шавад. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ҳангоми суханронияш дар ҷаласаи Шӯрои раисони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) дар Ӯзбекистон иттилоъ дод.

"Масъалаи таъсиси бонку бунёди рушди СҲШ ва корҳо дар самти тарҳҳои муштараки ҳамлу нақл бояд тезонида шаванд. Гузариши пардохтҳо бо пули миллӣ низ таъмин шавад, то хатарҳо ҳангоми буҳронҳои молии ҷаҳонӣ коҳиш ёбанд. Ба тарафҳо пешниҳод мекунам, ки дар бунёди маркази тиҷорӣ ва ҳамлу нақл дар минтақаи марзии Қирғизистон бо Чин фаъолона иштирок намоянд", - изҳор дошт сарвазири Қирғизистон.

Абилғозиев афзудааст, ки "иҷрои тарҳи мазкур ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки нафъи моливу тиҷорӣ ба даст оранд".

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ҷониби Бишкек барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир пешниҳод кардааст, ки ниҳоди мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии СҲШ таъсис дода шавад.

СҲШ соли 2001 дар шаҳри Шангхайи Чин таъсис ёфт. Ба узвияти он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Русия шомил буданд. Дертар Ҳиндустону Покистон ҳам ба он пайвастанд. Чаҳор кишвар - Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон ҳамчун кишвари нозир иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG