Ссылки доступа

Шаҳрдори пешини Грозний баъди нашри видеои "бедодгариҳояш" узр пурсид


Шаҳрдори пешини Грозний Ислом Қодиров пас аз нашри видидеое, ки нишон медиҳад, ҳангоми раиси шаҳр буданаш сокинонро бо "электрошокер" шиканҷа мекунад, узр пурсид. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба мусоҳибаи хабарнигори ТВ "Грозний" Чингиз Аҳмадов иттилоъ додааст.

"Сад дарсад айбдорам. Омодаам барои иштибоҳҳои худ ҷавоб гӯям. Вале ман ин корро бо нияти баду ҳадафҳои худхоҳона анҷом надодаам. Ин корро ба хотири кумак ба онҳое анҷом додам, қурбони қаллобон шудаанд. Маро 29 бор наркоз додаанд ва гуфтанд, ки бояд табобат гирам... Фикр мекардам, ки кори дурусте мекунаму ба мардум кумак менамоям. Вале имрӯз дарк кардам, ки иштибоҳ будааст", - гуфт Қодиров.

Ислом Қодиров яке аз наздикони президенти Чеченистон Рамзан Қодиров аст. Ӯ соли 2012, ки 25 сол дошт, шаҳрдори Грозний таъйин шуда, унвони ҷавонтарин шаҳрдор дар Русияро касб кард. Вай се сол Грознийро раҳбарӣ намуд.

Телевизиони давлатии "Грозний"-и Чеченистон миёнаҳои моҳи октябр гузоришеро дар бораи шеваҳои кори шаҳрдори пешини пойтахти ин кишвар Ислом Қодиров нашр кард. Дар гузориш наворҳое нишон дода шуданд, ки Қодиров чи гуна сокинонро латтукӯб ва бо "электрошокер" шиканҷа мекунад​. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳоло ин корро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG