Ссылки доступа

Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон


Бино ба натиҷаҳои як пажӯҳиш, садҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар кишвар шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва аз гирифтани имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Яъне, ҷисман ҳастанд, аммо номашон дар ҷое сабт нашудааст.

Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як тарҳ дар чанд ноҳия 3 ҳазор кӯдакони ба гуфтаи онҳо "ноаён"-ро ошкор кардаанд. То кунун ба ду ҳазори онҳо, ки аз 9 то 18 сол доранд, шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст.

Мақомот мегӯянд, ин вазъият ба сабаби бепарвоии волидони кӯдакон ба вуҷуд омадааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, онҳо ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ моҳҳову солҳо аз хонавода дуранд ва ба дуруст кардани санади фарзандон фурсат намеёбанд.

Бо ин ҳол, шумораи пурраи кӯдаконе, ки бе санади ҳувият ҳастанд ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд, маълум нест.

Бе шаҳодатномаи таваллуд мондани кӯдакон дар баъзе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон яке аз паёмадҳои манфии раванди муҳоҷират гуфта шудааст. ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ чанде пеш дар Душанбе дар нишасте бо намоиши тасвири нонамоён ё шабаҳи наврасе аз кӯдакони бе санад "кӯдакони ноаён" ном бурд.

Шӯҳрат Шарифов, як масъули бахши робита бо ҷомеаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфт, бо ин тасвир хостанд, ки таваҷҷӯҳи мардум ва мақомотро ба масъала ҷалб кунанд. "Нишон додем, кӯдаконе, ки шаҳрвандӣ ё ҳуҷҷат надоранд, ноаёнанд ва онҳоро система ё одамон намебинанд. Онҳо азоб мекашанд. Бояд шахсони муттасадӣ кӯшиш кунанд, то ҳар кӯдак новобаста ба мавқеъ ва ҷойи зист ба ҳама хизматрасонӣ дастрасӣ дошта бошанд", -- афзуд ӯ.

Бо он ки солҳои ахир муҳоҷирон ҳарчӣ бештар талош доранд оилаҳояшонро бо худ ба Русия баранд, ҳанӯз ҳам дар кишвар кӯдакони зиёде ҳастанд, ки моҳҳову солҳо аз модар ё падар ҷудо мемонанд. Онҳо дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд. Ҳамин дурӣ ва мушкили иқтисодӣ боис шудааст, ки дар баъзе аз ин хонаводаҳо кӯдакон наметавонанд сари вақт санадҳои зарурӣ бигиранд.

Маҳрум мондан аз санадҳои аввалини ҳувият ҳам, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак, дастрасии онҳоро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҳатто ба таҳсил мушкил мекунад.

Бо ҳадафи ҳимояи кӯдакони муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ёриҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба таҳсил Бунёди атфоли СММ якҷо бо мақомоти Тоҷикистон тарҳи "Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират”-ро роҳандозӣ кардаанд. Дар як соли ахир дар доираи ин тарҳ ба 2 ҳазор навраси аз 9 то 18-сола шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Қарор аст, рӯзи дуюми ноябр 300 навраси дигар соҳиби ин санад шаванд.

Як таҳқиқи дигари ЮНИСЕФ дар гузашта маълум карда буд, кӯдаконе, ки падаронашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, бештар афсурдаҳолу маҳзунанд ва саркашу канораҷӯ мешаванд. Зимни пажӯҳиш маълум шудааст, ки 50 дарсади кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳафтае як бор ғамгину афсурда будаанд.

XS
SM
MD
LG