Ссылки доступа

Ҳунармандони ӯзбек баъди муроҷиат ба Мирзиёев "пушаймон" шуданд (видео)


Кормандони Театри драмавии шаҳри Қуқанд 31 октябр бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба унвони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтанд, ки дар эътироз ба коҳиши 25-дарсадии маошашон корро тарк мекунанд.

Вале ин ҳунармандони ӯзбек 1 ноябр бо ирсоли як муроҷиатномаи видеоии дигар ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тасмимашон иваз шуда, аз кори кардаашон пушаймонанд.

"Мо аз номи тамоми кормандони театр муроҷиатномаи видеии худро, ки 31 октябр дар сомонаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ нашр шуд, рад мекунем. Аз кори кардаамон пушаймонем. Ин ҳодиса барои он рух дод, ки моро дуруст нафаҳмонданд. Ба мо гуфтанд, ки маошро 45 дарсад баланд карда, 25 дарсадеро, ки пештар зам шуда буд, бекор мекунанд. Вале дертар фаҳмонданд, ки касе 25 дарсади пешинро бекор намекунад", - мегӯянд кормандони театри шаҳри Қуқанд дар муроҷиатномаашон.

Раскаяние артистов Кокандского городского музыкального драматического театра
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:10 0:00
Загрузить файл

Ҳунармандони ӯзбек дар муроҷиати якуми худ ба унвони Шавкат Мирзиёев шикоят карда буданд, ки агар маошашонро кам кунанд, ба нафақаи хонаводашон намерасад.

Видеообращение артистов Кокандского городского музыкального драматического театра к президенту Мирзияеву
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:11:52 0:00
Загрузить файл

Тавре дертар маълум шуд, масъулони шаҳрдории Қуқанд пас аз нашри муроҷиатномаи якуми ҳунармандон дар сомонаи радио бо онҳо "суҳбат" кардаанд. Дар натиҷа кормадони театр як рӯз пас муроҷиатномаи нав фиристода, гуфтанд, ки "пушаймон" шуданд.

XS
SM
MD
LG