Ссылки доступа

Хабарчини парвандаи раъйи беэътимодӣ ба Трамп розӣ шуд, шоҳидии хаттӣ диҳад


Корманди мақомоти иктишофии амрикоӣ, ки гузоришаш боиси шуруъи раъйи беэътимодӣ ба президент Доналд Трамп гардид, розӣ шуд, ки ба суоли ҷумҳурихоҳони Палатаи намояндагон посухи хаттӣ диҳад.

Дар ин бора Марк Заид, вакили мудофеи хабарчин ба телевизиони CBS News иттилоъ дод.

Ҷумҳурихоҳон раванди эъломи нобоварӣ ба президентро ноодилона медонанд ва шикоят доранд, ки ин раванд имкони овоздиҳии онҳоро маҳдуд мекунад. Ҷумҳурихоҳон дар палатаи намояндагон ақалиятро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, посухи хаттӣ имкон медиҳад, шахсияти хабаррасон ошкор нашавад. Аммо президент Трамп талаб дорад, ки шахсияти вай ошкор гардад.

Трамп рӯзи якшанбе дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, хабарчини хадамоти махсуси ИМА "одами сардори пешини Идораи марказии иктишофӣ Ҷон Бреннан ва президенти пешини ИМА Барак Обама аст, ки Трампро намехоҳанд. Маълумоти додаи ӯ низ рост набуд".

Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст. Кохи сафед дертар муҳтавои суҳбати Трамп бо Зеленскийро нашр кард ва дар он дар бораи таъхири кумаки низомӣ чизе гуфта нашудааст. Як қатор мансабдорон дар ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки дар ҳақиқат кумаки низомӣ ба таъхир андохта шуда буд, то Украина дархости Трампро иҷро кунад.

Вакили дифои хабарчини Хадамоти махсуси ИМА рӯзи якшанбе гуфт, омодааст, ба пурсишҳои ҳамҳизбони Трамп - ҷумҳурихоҳони Конгресс посух гӯяд. Вале гуфт, шахсияти хабарчин ба далели амниятӣ набояд ошкор шавад.

XS
SM
MD
LG