Ссылки доступа

Ӯзбекистону Русия дар бунёди роҳи оҳан ба Қирғизистон кумак мекунанд


Раиси Идораи лоиҳакашӣ ва бунёди роҳҳои оҳани корхонаи "Қирғиз темур жолӣ"-и Қирғизистон Ҷамшедбек Калилов гуфт, Бишкеку Москва тарҳи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон"-ро таҳия кардаанд.

"Дар якҷоягӣ бо Русия тарҳи роҳи оҳан таҳия шудааст, ки он бояд аз куҷо гузарад ва ҳамзамон кадом конҳо коркард шаванд. Русия ваъда медиҳад, ки масъалаи сармоягузориро баррасӣ мекунад. Дар Ӯзбекистон ҳам будем. Онҳо низ кумак карданианд", - афзуд ӯ.

Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол иҷрои он шурӯъ нашудааст. Бино ба арзёбиҳо харҷи он 6-6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи мушкилиҳои марзии кишвараш бо Қазоқистон гуфта буд, ки Бишкек бояд роҳҳои дигари бурунрафт ва дастёфт ба бозори беруниро пайдо кунад. Аз ҷумла, ӯ иҷрои ин тарҳро бисёр муҳим хонда буд.

Намояндагони се кишвар соли 2017 дар Тошканд созиш кардаанд, ки ҷанбаҳои техникиву иқтисодии тарҳро моҳи августи соли 2018 ва масоили молии онро то охири ҳамон сол баррасӣ ва ҳал кунанд. Он замон гуфта мешуд, ки се гузина баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG