Ссылки доступа

Сӯхтор дар cохтмони нотамоми меҳмонхонаи "Сомониён"


Дар бинои сохтмонаш нотамоми меҳмонхонаи “Сомониён”, дар хиёбони марказии Душанбе, сӯхтор ба амал омадааст. Шоҳидон гуфтанд, сӯхтор субҳи 4-уми ноябр сар зад ва зуд хомӯш карда шуд.

Дар наворҳое, ки корбарон ба мо фиристоданд, дида мешавад, аз маҳалли сӯхтор дуди ғафс ба ҳаво мепечад. То ба ҳол сабаби сӯхтор маълум нест.

Сохтмони меҳмонхонаи “Сомониён” беш аз даҳ сол боз идома дорад. Вакилони порлумони Тоҷикистон воридоти маҳсулот барои сохтмони ин биноро чанд дафъа аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт озод кардаанд.

То ба ҳол маълум нест, молики бино кист, вале расонаҳо дар гузашта ишора карда буданд, ки он ба наздикони яке аз мақомҳои баландпояи кишвар тааллуқ дорад.

Ба навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс”, фармоишгари сохтмон Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аст ва иҷрогараш ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”. Ба навиштаи ин расона, буҷаи сохтмон 30 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG