Ссылки доступа

Қазоқистон дар радифи кишварҳои дорои "Интернети ноозод"


Созмони байналмилалии ғайридавлатии Freedom House, ки бо мониторинги ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон машғул аст, гузориши соланаи худро дар бораи озодии Интернет дар кишварҳои дунё нашр кард.

Дар гузориши созмон Қазоқистон дар радифи кишварҳое дубора ҷой дода шудааст, ки "Интернети озод надоранд".

Муаллифони гузориш гуфтаанд, мақомоти Қазоқистон бо масдуд кардани шабакаҳои мобиливу манобеи интернетӣ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакрасонҳо ва сомонаҳои хабарӣ ба "кори фаъолони маданӣ монеа эҷод мекунанд, то садои онҳо шунида нашавад". "Талошҳои ҳукумати Қазоқистон барои инҳисори бозори алоқаи мобилӣ ва роҳандозии назорати электронӣ низ ба коҳиши озодии Интернет дар ин кишвар мусоидат кардааст", - афзудаанд муаллифон.

Freedom House озодии Интернетро бар асоси басташавии шабакаҳои иҷтимоӣ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву динӣ, шумори блогерони боздоштшуда ва зиндонӣ арзёбӣ мекунад.

Бар асоси пажӯҳиши созмон, вазъи озодии Интернет аз миёни 66 кишвар дар 33 тои онҳо бад шуда, Қазоқистон бо гирифтани 32 хол дар баробари Судону Зимбабве ва Бангладеш мақоми аз ҳама охирро касб намудааст.

XS
SM
MD
LG