Ссылки доступа

Трамп ҷараёни хуруҷи ИМА-ро аз Созишномаи иқлими Порис оғоз кард


Доналд Трамп, президенти ИМА раванди берунории кишварашро аз Созишномаи иқлими Порис шуруъ кард. Ин раванд як сол идома ва як рӯз баъд аз интихоботи президентии соли 2020 хатм мешавад.

Агар Трамп дар интихобот мағлуб шавад, президенти навбатии ИМА метавонад кишварро давоми 30 рӯзи оянда дубора ба созишнома баргардонад.

ИМА ахиран СММ-ро расман огоҳ кард, ки аз Созишномаи иқлими Порис хориҷ мешавад.

197 кишвар узви Созишномаи иқлими Порис ҳастанд. Ҳадафи ин созишнома - то соли 2100-ум роҳ надодан ба болоравии дамои миёнаи ҳаво ба бештар аз 2 дараҷаи Селсӣ унвон мешавад. Ин созишнома 4 ноябри соли 2016 қабул шуд. Тибқи созишнома, ҳеч кадом узв ҳақ надорад, ки дар се соли аввали фаъолияти он аз узвият хориҷ шавад.

Хориҷ шудан аз созишномаи иқлим яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп буд. Президенти ИМА гуфта буд, ки ширкат дар созишномаи мазкур аз нигоҳи иқтисодӣ ба нафъи кишвараш нест ва узвият дар созишнома боиси камшавии ҷойи корӣ, уфти маош, басташавии корхонаҳо ва камшавии даромади молии амрикоиҳо мегардад. Ба гуфтаи вай, иҷрои шартҳои созишномаи Порис боис мегардид, ки дар ИМА то соли 2025 наздики 3 миллион ҷойи кор аз даст равад.

Мунаққидони Трамп мегӯянд, хуруҷи Вашингтон аз Созишномаи иқлими Порис монеи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи гармшавии иқлим мегардад. ИМА баъд аз Чин дар партоби газҳои дуоксид ба фазо ҷойи дувумро касб мекунад. Барак Обама, президенти пешини ИМА, ки созишномаи Порисро имзо карда буд, уҳдадорӣ гирифта буд, ки то соли 2025 партоби газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 2005 26-28 дарсад кам кунад.

XS
SM
MD
LG