Ссылки доступа

Додгоҳи Туркия ду рӯзноманигорро аз зиндон озод кард


Додгоҳе дар Туркия муҳаррири нашрияи мухолифи Taraf Аҳмад Алтан ва рӯзноманигор Назлӣ Илиҷакро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз зиндон озод кард. Дар ин бора рӯзи душанбе хабаргузории давлатии Туркия Anadolu иттилоъ дод.

Моҳи феврали соли 2018 рӯзноманигорон Назлӣ Илиҷак, Аҳмад Алтан ва бародари вай, профессори илми иқтисод Маҳмад Алтан бо айби робита доштан бо ҳаракати мамнуи руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен зиндони якумрӣ шуда буданд. Мақомоти Туркия мегӯянд, табаддулоти нокоми давлатии тобистони соли 2016-ро Гюлен анҷом додааст.

Моҳи июл Додгоҳи олии таҷдиди назари Туркия айби рӯзноманигоронро аз "ташкили табаддулоти давлатӣ" ба "кумак кардан ба гуруҳи террористӣ" иваз кард. Додгоҳ парвандаро баррасӣ ва ҳукми зиндони рӯзноманигоронро кам кард. Аз он ҷо ки Аҳмад Алтан ва Назлӣ Илиҷак бештар аз 3 сол дар зиндон буданд, додгоҳ қарор кард, ки онҳоро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод намояд. Додгоҳ ҳамчунин профессор Маҳмад Алтанро, ки соли гузашта аз зиндон раҳо шуда буд, комилан сафед кард.

Баъди табаддулоти нокоми соли 2016 дар Туркия бештар аз 80 ҳазор одам боздошту зиндонӣ ва 150 ҳазор ходими давлатӣ ваё низомӣ аз мақом барканор шуданд. Мунаққидони президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон мегӯнд, вай табаддулоти нокомро барои саркӯби дигарандешон сӯистифода мекунад.

XS
SM
MD
LG